Ортокератология

Ғамхорӣ нисбати саломатии чашмони худ ба фардо магузоред – ба клиникаи «Нигоҳ» имрӯз муроҷиат намоед!
Ортокератолоия (ОК-терапия) – ин усули ғаӣриҷарроҳии ислоҳи дефекти рефраксия мебошад, ки ба бемор, бе истифодаи аӣнакҳо ва линзаҳои муқаррарӣ, биниши хубро таъмин менамояд.
Дар муқоиса бо оптикаи тамосии стандартӣ, ки аз полимерҳои гидрогелӣ ва силиконӣ таӣёр мешаванд, линзаҳои ортокератологӣ таркиби нисбатан сахттар дорад. Онҳо аз ду қабат иборатанд. Қабати сатҳӣ ҳамчун линзаи ислоҳкунандаи рӯзона кор мекунад, қабати дуюм бошад, қабати дохилӣ, сохтори зиҷ ва мураккаб дорад, ки дигаргун кардани шакли қарнияро имконпазир мегардонад.

Линзаҳои ортокератологӣ

Линзаҳои тамосии ортокератологиро пеш аз хоб пӯшидан лозим аст, барои ҳамин онҳоро линзаҳои шабона меноманд.
Принсипи амал
Линзаҳои ортокератологӣ бо ченакҳои додашудаи дақиқ қарнияро фишор оварда, шакли онро ислоҳ менамояд, бо роҳи аз нав тақсим намудани қабати болоии ҳуҷаӣраҳои эпителиявӣ.

Пас аз он ки бемор саҳар линзаҳои худро мекашад, ӯ метавонад, мудати рӯз бе пӯшидани аӣнак ва линзаҳои оптикӣ, равшан ва хуб бинад. Ин таъсири мувақкатӣ мебошад. Пас аз як ду рӯз қарния шакли муқаррарии худро мегирад, ба одам биниши пешинааш бармегардад. Агар линзаҳои ортокератологиро ҳар шаб 7-8 соат пӯшида хоб кунӣ, пас аз чанд моҳ метавонӣ онҳоро пас аз ҳар як ё ду шаб пӯшӣ, ва биноиш дар ин ҳолат хуб нигоҳ дошта мешавад.
Линзаҳои ортокератологӣ метавонанд ислоҳ намоянд:
  • Наздикбинӣ то (–) 7 дптр
  • Астигматизм то 1,5-1,75 дптр
  • Дурбинӣ то (+)4 дптр
Ба кадом шахсон линзаҳои тамосии шабона таъин карда мешванд?
  • беморони калонсол, ки ба ислоҳи лазерии биниш мухолифанд;
  • одамоне, ки биниши бад доранд ва бо сабабҳои касбӣ айнак ва линзаҳои рӯзона намепӯшанд: низомиен, мутахассисоне, ки дар шароити чанголуд е дуд кор мекунанд ва ғайра;
  • кӯдакони дорои миопияи прогрессивӣ.
Мухолифатҳо
  • бемориҳои илтиҳобии офтальмологӣ (конъюнктивитҳо, увеитҳо, кератитҳо);
  • синдроми чашми хушк;
  • кератоконус ва кератоглобус;
  • тағироти назаррас дар чашм пас аз осеб;
  • глаукомаи пешрафта, катаракта;
  • чашми каҷ;
  • ҳомиладорӣ.
Бартарияти линзаҳои ортокератологӣ:
  • рӯзонапушидани аӣнак ва линзаҳои тамосӣ зарур нест;
  • чаҳорчӯбаи васеи синну солӣ барои муолиҷа бо ОК;
  • занон метавонанд озодона аз косметика истифода баранд ва хавотир нашаванд, ки он ба сатҳи воситаҳои оптикӣ мерасад;
  • таъсири табобат бо ОК баргарданда мебошад. Шумо метавонед аз линзаҳо дар вақти дилхоҳ даст кашед ва дар муддати чанд рӯз қарния шакли пешинаи худро мегирад.

Реҷаи пӯшидани линзаҳои шабона

Дар муддати ин вақт онҳо шакли қарнияро тағӣир дода метавонанд. Таъсир аз як то ду шабонарӯз нигоҳ дошта мешавад, вобаста аз дараҷаи ваӣроншавии биниш. Агар шахс шабона кор кунад, лозим мешвад, ки онҳоро на шабона, балки рӯзона бипӯшад. Гарчанд воситаҳои додашуда шабона номида шаванд ҳам, онҳоро метавонанд, дар вақти дилхоҳи шабонарӯзӣ бипӯшанд. Ҳамааш аз он вобаста аст, ки одам дар кадом вақт хоб мекунад.
  • Дар муддати 10-15 дақиқа пеша хоб пӯшида мешаванд.
  • На кам аз 6-8 соат дар чашм
Пас аз истифодаи бори аввалини линзаи шабона
Ҳатман ба назди офтальмолог ташриф овардан лозим аст. Дар оянда ташриф ба назди офтальмолог як маротиба дар се моҳ.

Мутахассисон

Дар клиникаи мо мутахассисони баландихтиссос, ки таҷрибаи бисёрсолаи корӣ доранд, фаъолият менамоянд, ки дар байни онҳо табибони категорияи олӣ ва номзадҳои илмҳои тиб мавҷуданд.
Савол додан

    Нархнома

    Сабти онлайн

    Саволҳо ва ҷавобҳо