Муоинаи биниш

Муоинаи босаводона ва гузоштани ташхиси дақиқ – асос дар табобати бомуваффақияти чашм.
Ташхис ҳам барои шахсон бо бемориҳои узви босира ва ҳам ба шахсони солим талаб карда мешавад. Он барои дарёфти патологияҳои ҷиддӣ дар марҳилаҳои ибтидоӣ ва пешгирии инкишофи оризаҳо ёрӣ мерасонад.
Мачмуи муоина, ки аз тарафи табиб офталмолог барои баҳо додани ҳолати узви босираи бемор гузаронида мешавад, дарбар мегирад: аниқ намудани тезии биниш, муоинаи қаъри чашм, чен намудани фишори дохили чашм, омӯзиши каҷии қарния, чен намудани ғафсии он, тадқиқи ултрасадоии булӯрак ва андозаҳои ғӯзаи чашм.

Мутахассисон

Дар клиникаи мо мутахассисони баландихтиссос, ки таҷрибаи бисёрсолаи корӣ доранд, фаъолият менамоянд, ки дар байни онҳо табибони категорияи олӣ ва номзадҳои илмҳои тиб мавҷуданд.
Савол додан

    Нархнома

    Сабти онлайн

    Саволҳо ва ҷавобҳо