Интравитриалӣ ворид намудани маводи доруворӣ

Ғамхорӣ нисбати саломатии чашмони худ ба фардо магузоред – ба клиникаи «Нигоҳ» имрӯз муроҷиат намоед!
Инъексияҳои дохили витреалӣ – вориднамоии маводҳои доруворӣ новобаста ба дохили ҷисми шишагин ҳангоми табобати мураккаби чашм: дегенератсияи синнусолии доғи зард, варами диабетии доғи зард, иллатёбии рагҳои тӯрпарда, илтиҳоби қабатҳои дохилӣ ва инчунин хунрезиҳои дохили чашм.
Хусусиятҳои истифодаи вориднамоии «Эӣлеа» ва «Авастин»
  • На ҳама вақт бинишро ба пуррагӣ барқарор намудан мумкин аст, аммо ҳадафи асосии истифода онҳо дар боздошт намудани раванди регрессиви дегенратсияи макула (доғи зард) ва пешгирии нобиноии пурра мебошад.
  • Зоҳиршавии натиҷа аллакаӣ пас аз чанд соат мушоҳида мешавад ва дар муддати як моҳ нигоҳ дошта мешавад.

Инъексиҳои «Авастин» ва «Эӣлеа»

МУҲИМ! Оё бояд инъексиҳои «Авастин» ва «Эӣлеа»-ро истифода бурд ва аз рӯи кадом нақша истифода кардани табобат лозим аст - аз тарафи табиб-офталмолог дар асоси ташхиси пурраи чашм муаӣян карда мешавад.
  • Шакли неоваскулярии («намнок») дегенератсияи макулавии синну солӣ
  • арамии доғи зард дар натиҷаи басташавии варидҳои тӯрпарда
  • Варамии диабетии доғи зард
  • Неоваскуляризатсия (паӣдоиши рагҳои нав) хориоидалии миопиявӣ
Нишондодҳо
Техникаи иҷро намудан
  1. Амалиёт дар толори ҷарроҳии клиника дар шароитҳои асептика ва антисептика гузаронида мешавад
  2. Пеш аз инъексия(сузанзанӣ) пусти гирди чашм ва пилкҳо безарар гардонида мешаванд
  3. Бедардкунии маҳалли гузаронида мешавад, баъд 4 мм дуртар аз лимб ба сафедпарда ва қисмати ҳамсарҳаду ҳамвори ҷисми мижгон сӯзандору бо сӯзани борик барои инъксия ворид карда мешвад.
  4. Сузан ба чисми шишагин расида ба ҷуқурии 2-3 мм ворид мешавад.
  5. Бо маҳдудкунандаи махсус чуқурии воридкунии сӯзани инъексионро танзим кардан мумкин аст.
  6. Бо фишороварӣ ба поршен, табиб маводи дорувориро ба дохили чашм (ба дохили ҷисми шишагин) ворид менамояд.
  7. Пас аз амали намудани вориднамоӣ фишори дохили чашм чен карда мешвад.
  8. Баландшавии он гузаронидани парасентезро талаб менамояд – сӯрох намудани қарния дар назди лимб.

Мутахассисон

Дар клиникаи мо мутахассисони баландихтиссос, ки таҷрибаи бисёрсолаи корӣ доранд, фаъолият менамоянд, ки дар байни онҳо табибони категорияи олӣ ва номзадҳои илмҳои тиб мавҷуданд.
Савол додан

    Нархнома

    Сабти онлайн

    Саволҳо ва ҷавобҳо