Таҷҳизот

Дар клиникаи мо маҷмуи таҷҳизоти беназир ва муосири ташхисӣ ва ҷарроҳӣ аз истеҳсолкунандагони пешқадамтарини ҷаҳон – Олмон, Ҷопон, Шветсария, ИМА ва Кореяи Ҷанубӣ пешкаш шудааст.
Спектри васеи таҷҳизоти мавҷудбуда ошкор намудани бемориҳои гуногуни чашм дар дараҷаҳои ибтидоӣ ва гузаронидани табобати муосири доругӣ, лазерӣ ва ҷарроҳиро имконпазир мгардонад. Дар дастгоҳҳо танҳо мутахассисони баландихтисос ва аз омӯзиш гузашта фаъолият менамоянд.

Авторефрактометр

"HRK-8000A Huvitz (Кореяи Ҷанубӣ)
Аспоби бисёрфунксионалии ташхисӣ – рефраксияи объективӣ, силиндр, меҳварҳои астигматизм, ченакҳои қарния дар марказ ва қисматҳои канории онро фавран чен менамояд. Натиҷаҳои ченакҳо дар принтери насбшуда чоп карда мешавад."

Пневмотонометри бетамос

Pulsair desktop Keeler (Британияи Кабир)
Пневмотонометри оддӣ, хурдакак ва қулаӣ, ҳам барои табиб ва ҳам барои бемор, дастрас намудани нишондодҳои фишори дохили чашмро имконпазир мегардонад. Бо усули бетамос чен намудани фишори дохили чашмро имкон медиҳад.

Ҷароғи тарқишӣ

SL-980 C.S.O. (Италия)
Микроскопест, ки барои таҳқиқи биомикроскопии сохтори чашм бо равшанкунонии ғӯзаи чашм истифода мебаранд. Оптикаи баландсифат дар дидани қисматҳои пеш ва қафои чашм барои аниқ намудани ташхис нақши муҳим мебозад.

Ҷои кори офталмолог

HRT-7000 Huvitz (Кореяи Ҷанубӣ)
Система тезии биниши бемор ва инчунин намуд ва бузурии коррексияи заруриро аниқ менамояд.

Системаи ягонаи оптикӣ, ки бо як пулт дистансионӣ идора карда мешавад, кори мутахассисро нисбатан самараноктар намуда, робитаи ҳарчи зудтар ва бароҳат бо таҷҳизоти ба он дохилшавндаро таъмин менамояд.

Ҷои корӣ бо курсии автоматӣ муҷҷаҳаз шудааст, ки ҷоӣгиркунии бароҳат ва босуръати беморро таъмин месозад.

Офталмоскоп

OKT REVO 60 (Лаҳистон)
Гуногунии дастгоҳҳои шарҳдиҳанда ва анализкунанда ба оператор имконияти интихоб карданро фароҳам месозад: дастгоҳро ҳамчун скрининг ё ҳамчун аспоби ташхисии пешқадам истифода барад. Технологияи паст кардани садо ба даст овардани ҷузъиётҳои хурдтарин, ки муҳиммияти худро дар саривақт ошкор намудани беморӣ исбот кардаанд, таъмин менамоянд.

Сифати беҳтаркардашудаи томограммаҳо ба шарофати мантиқаи сунъист. Барномаҳои пешқадами мантиқаи сунъӣ сифати як томограммаро то сатҳи миёнакунонии томмограмма, ки дар натиҷаи сканкунонии бисьёркарата дастрас шудааст, балнд менамояд.

Технологияи нави дидани тӯрпарда, ки дар асоси технологияи мо таъсис дода шуда аст, дастрас намудани сканҳои чуқурии васеъкардашударо барои назорати боэътимод ва қулаӣи ҳолатҳои мураккаб имконпазир мегардонад. Бо шарофати сканкунонӣ аз чуқурии зиёд ин реҷаи нави дидан, барои ташхиси беморон, ҳатто, бо наздикбинии дараҷаҳои баланд, комилан мувофиқ мебошад.

Системаи ташхисӣ

Корнеотопограф C.S.O. Sirius (Италия)
Системаи топорафии қарния C.S.O. Sirius баҳо додани топографияи сатҳи қафо ва пеши қарния, ғафсии қарния, чуқурии ҳавзаи пеш, кунҷи инабияву қарния, диаметри мардумак, устувории пардаи ашкӣ ва интихоб намудани линзаҳои тамосие, ки ба ченакҳои қарния мувофиқ ҳастанд, имкон медиҳад.

Биометри оптикӣ

Topcon Aladdin (Ҷопон)
Платформаи мултифуксионалӣ барои муаӣян намудани бузургии оптикии ЛИО. Ҳашт нишондод барои таҳлили дақиқ ва натиҷаи аъло; дарозии меҳварии чашм, кератометрия, топографияи сатҳи пеши қарния, ҷуқурии ҳавзаи пеш, пупиллометрия (чен кардани андозаҳои мардумак), white-to-white, ғафсии булӯрак, ғафсии маркази қарния.

Биометрияи оптикӣ бо комбинатсияи кератотопография, таҳлили Сернике ва пупиллометрияи динамикӣ, ки дар Aladdin амалӣ гардидааст, дар аӣни замон ин авҷи охирин дар ҷустуҷӯи роҳи ҳалли ҳисоби максималӣ дақиқи ЛИО дар ҷарроҳии катаракталӣ мебошад.

Линзаҳои офталмологии ташхисӣ

Volk Optikal (ИМА)
Линзаҳои офталмологӣ – ин элементи оптикӣ мебошад, ки барои гузаронидани биомикроскопияи қариб ҳаммаи қисмҳои ғӯзаи чашм, ҳамҷоя бо истифодаи ҷароғҳои тарқишии намудашон гуноун, истифода бурда мешаванд. Дар клиникаи мо зиёда аз 10 намудҳои гуногуни линзаҳои тамосӣ ва ғаӣритамосӣ мавҷуданд, ки бо ёрии онҳо табиб метавонад то ҳадди имкон тӯрпардаро муоина намояд.

Линзаҳои офталмологӣ инчунин ҳангоми гузаронидани амалиётҳои ҷаоҳии лазерӣ истифода бурда шаванд

Дастгоҳи ултрасадо барои А ва В сканкунонӣ

Quantel Medikal (Фаронса)
Дастгоҳи офталмологии ташхисӣ Compakt Tauch барои пахиметрия ва сканкунонии аксиалӣ пешбинӣ шудааст. Дастгоҳҳо диапазони васеи ченкунӣ ва воридоти қулаӣи нишондодҳоро таъмин менамояд. Ҳангоми пахиметрия, биометрия ва В-сканкунонӣ истифода бурда мешавад. (таҳқиқи ултрасадоии секторалӣ, ки тасвири ду ҳамвориро меофарад).

Таҳқиқи ултрасадоии чашм имконияти баҳо додан ва тассавур намудани сохторҳои дохилии чашм (ҳатто ҳангоми тира будани фазоҳои он) ва бофтаҳои атрофии онро (булӯрак, тӯрпарда, мушакҳо, фазои ретробулбарӣ ва ба монанди онҳо) фароҳам месозад.

Лазери фемтосекундии ҷарроҳӣ

Ziemer Ophthalmology Femto LDV Z6 (Швеӣтсария)
Барои офаридани порчаи қарния дар вақти ислоҳи лазерии биниш бо усули FEMTO LASIK нишон дода шудааст. Ин таҷҳизот дар аӣни замон яке аз беҳтарин дастгоҳҳои фемтосекундӣ эътироф шудааст ва микроҷарроҳии лазериро ба сатҳи нави дақиқият, бехатарӣ ва бароҳатии мизоҷон мебарорад. Беҳбудиҳои инноватсионӣ ба ҳаммаи хусусиятҳои муҳим таъсир расонданд: аз сарчашмаи нури лазерӣ то сохтори оптикӣ ва тарҳрезии фукционалии модул.

Факоэмулсификатор

Infiniti, Alcon (ИМА)
Дастгоҳи додашуда барои табобати ҷарроҳии катаракта истифода бурда мешавад – факоэмулсификатсияи ултрасадоӣ. Ин факоэмулсификаторӣ платформавӣ дараҷаи премиум барои бемор сатҳи баландтарини бехатарӣ ва барои табиб ҷарроҳии дилпурона ва пешбинишавандаро таъмин менамояд.

Дастгоҳ бо шарофати хусусиятҳои худ имкон медиҳад, ки беморонро, ҳатто бо булӯраки аз ҳама сахтарин, бехатар ҷарроҳӣ намуд, ҷарроҳии то ҳадди акал инвазивӣ ва бедарзро дастирӣ менамояд.

Дастгоҳи эксимер лазерӣ

ALLEGRETTO Wave Eye-Q Alcon (ИМА)
Лазери навтарини эксимерӣ, ки дар тамоми ҷаҳон чун «стандарти тиллоии» ҷарроҳии лазерӣ эътироф шудааст! Ин дастгоҳ таҷҳизоти мураккаб аст, ки дар он якчанд модули таъиноташон гуногун дохил шудааст. Ҳамаи онҳо ба як системаи дараҷаи бехатариаш олитарини ҷамъ карда шудаанд, ки имкон медиҳад ислоҳи биниш бо эксимер лазер то ҳадди аққал дақиқ гузаронида шавад.

YAG- лазери офталмологӣ

Q-LAS A.R.C. (Олмон)
Системаи дақиқ ва боваринок, ки барои капсулотомияи ақиб ҳангоми катарактаи дуюмбора ва амалиётҳои намудҳояш уногун ҳангоми глаукома коркард карда шудааст. Интегратсияи пурра ба чароғи тарқишӣ, роҳи то ҳадди аққал кӯтоҳи гузаштани нури лазерӣ ва ба нишон расонидани сели доимии нерӯро таъмин менамояд, имконияти осеб дидани нахи оптикиро аз баӣн мебарад.

Лазери офталмологӣ

VISULAS 532s Zeiss (Швеӣтсария)
Лазери сахтбадан бо пуркунандаи диодӣ барои ҳамаи намудҳои лазеркоагулятсияи тӯрпарда таъин шудааст. Лазери сабз таъсири неруии то ҳадди аққал дақиқ ва бехатаррро пешниҳод менамояд. Нурафкании лазер нишондодҳои беназири коагулятсияи тӯрпардаро таъмин менамояд.