Таҷҳизоти баланддақиқ аз истеҳсолкунандагони беҳтарин
Табибони категорияи олӣ, дотсентон ва номзадҳои илмҳои тиб.
Зиёда аз 500. 000 ҷарроҳиҳои бо муваффақият иҷро карда шуда
Зиёда аз 10 соли фаолиятимаъулиятнок

Дар бораи клиника

Нигоҳ Клиника – ин роҳи кӯтоҳ ва бехатар ба биниши солим.

Маркази муосири офталмологӣ барои тамоми оила. Шуъбаи чашми маркази тиббии Казон «Надёжные руки» аз соли 2013 ба шабаки мустақили «Смотри» бо филиалҳо дар Казон, Самара, Оренбург, Киров, Толятти, Саранск, Нижний Новгород ва қаҳрамон шаҳри Севастополь табдилёфт. Ба наздикӣ бошад филиали аввалин дар Осиёи Миёна–дар Душанбе кушода шуд.
Маркази мо доираи васеи патологияҳои чашмро фаромегирад ва беморонро бо синну соли гуногун қабул менамояд. Мо ислоҳи лазерии биниш, табобати ҷарроҳии катаракта, амалиётҳои барқарорсозӣ ва эстетикии пилкони чашм ва ғӯзаи чашмро иҷро менамоем. Дар хизматрасониҳо ортокератология, табобати олусӣ (каҷшавии чашм) ва кератоконус, офталмологияи кӯдакона ва табобати бемориҳои синну солӣ пешниҳод шудаанд, ба мисоли дистрофияҳои макула ва ретинопатияи диабетӣ.

Таблиғоти (Аксияҳои) клиника

    Баррасӣ оиди клиника

    Таҷҳизоти клиника

    Суръати баланд ва системаи кории назоратшавандаи амалиётҳо ба ҷарроҳон тоҳадди имкон ба тӯрпарда наздиктар кор намуданро имконият медиҳад.
    Alkon Constellation Vision Sistem (ИМА)
    Факоэмулсификатор
    Имконияҳои ташхиси патологияҳои тӯрпарда, асаби босира, қарния ва сафед пардаро васеъ менамояд
    Optopol Technology Revo (SOCT Copernicus Revo/Revo NX) (Лаҳистон)
    Томографи когерентии оптикӣ
    Навтарин лазери эксимерӣ, ки дар тамоми ҷаҳон чун «стандарти тиллоии» ҷарроҳии лазерӣ эътироф шудааст!
    ALLEGRETTO Wave Eye-Q Alcon (ИМА)
    Дастгоҳи Эксимер-лазер
    Барои ташаккули пораи қарния ҳангоми ислоҳи лазерии биниш боусули Femto LASIK пешбинӣ шудааст.
    Ziemer Ophthalmology Femto LDV Z6 (Швейтсария)
    Лазери Ҷарроҳии Фемтосекондӣ

    Саволҳо ва ҷавобҳо