Ҷарроҳии «Хурди» чашм

Ҳалли муосир дар соҳаи ҷарроҳии «Хурди» чашм дар клиникаи «Нигоҳ»
Омосҳои пилкҳо ва ғӯзаи чашм – ин бемориҳои сатҳии на он қадар бузурги пилк ва сатҳи чашм мебошанд, ки шахсро аз сабаби камбудии косметикӣ ба изтироб меоваранд.
Ба ин бемориҳо халязион, гавмижа, пардаи болшакл (птеригиум), папилломаҳо, атеромаҳо, ксантелазмаҳо, кистаҳои пилку мултаҳима ва ғайра дохил мешаванд. На ҳама вақт ва на ҳамаи аз ин бемориҳо қобили табобати консервативӣ мебошанд, аксар вақт онҳо ба табобати ҷарроҳӣ ниёз доранд, ки дар умум ҷарроҳии «хурди» чашм меноманд.

Омосҳои пилкҳо ва ғӯзаи чашм

Халязион

Ин омоси гирдашакли зич ва чандири бедард дар дохили пилк мебошад, ки бо пӯст пайваст нест. Зоҳиран ба гиреҳ монанд аст. Метавонад худ ҳал шавад, инчунин табобат бо ворид намудани маводи доруворӣ ба мавзеи он имконпазир мебошад. Аммо аксаран аз тарафи дохилии пилкҳо гузаронидани бурриш истифода бурда мешавад, бо мақсади пешгирии пайдоиши пайҳо аз тарафи пӯст. Дар баъзе ҳолатҳое, ки ҷойгиршавии он хос аст, он аз тарафи пӯст бо гузоштани дарзҳои микроҷарроҳӣ гирифта мешавад.

Птеригиум

Бемории паҳнгашта ба намуди пардаи афзоишёбанда дар мултаҳима, ки бо мурури замон ба рӯи қарния сабзиш менамояд. Бештар дар калонсолон дучор мешавад. Мушоҳида гардидааст, ки шахсоне, ки бештар зери таъсири шароитҳои номусоиди обу ҳаво мебошанд, ба ин бемории чашм гирифтор мешаванд. Сабзиш аксаран аз кунҷи дохилӣ пайдо мешавад. Он аз сабзиши хурд дар назди лимби қарния ибтидо гирифта, бо мурури вақт птеригиум метавонад ба тарафи ноҳияи мардумак сабзидан гирад, ки ба кам шудани биниш оварда мерасонад. Суръати ин тағйиротҳо дар ҳама индивидуалӣ аст, сабзиш метавонад суст бошад.

Усули табобати доругии птеригиум дар айни замон вуҷуд надорад. Ҷарроҳӣ аз 15 то 30 дақиқа давом медиҳад ва бо гузоштани дарзҳои микроҷарроҳӣ дар мултаҳима анҷом меёбад. Табиб пас аз 7-10 рӯз дарзҳои мултаҳимаро мегирад, аммо бартараф шудани сурхии чашм ва барқароршавии пурра пас аз 3-4 ҳафта ба амал меояд. Дар марҳилаи баъди ҷарроҳӣ метавонад ҳисси ҷисми бегона дар чашм ва баландшавии ҳиссиёти чашми ҷарроҳишуда зиёд гардад, ки метавонад то 1-2 моҳ давом диҳад, вале тавсияи маводҳои иавзкунандаи ашк ва гелҳои барқароркунанда барои мубориза бар зидди ин шикоятҳо ёрӣ медиҳанд. Агар табобати баъди ҷарроҳӣ пурра гузаронида шавад, имконпазирии такроршавии птеригиум на зиёда аз 10 % ташкил дода метавонад.

Ксантелазма

Ин норасогии косметикӣ дар намуди ҷамъшавии холестерин дар зери пӯст аст, ки ба монанди лавҳачаи зардчатоби аз сатҳи пӯст барҷасташуда зоҳир мегарданд. Бештар бо гузоштани дарзҳои микроҷарроҳӣ бурида гирифта мешаванд. Бо нишондодҳои эстетикӣ ҳамҷоя бо блефаропластика гузаронидан мумкин аст.

Атерома

Кистаи ғадуди чарб аст. Дар мавзеи пилкҳо бештар андозаи хурд (1-2мм) дорад ва рангаш зард мебошад. Дар зери микроскоп якҷоя бо капсулааш гирифта мешавад. Ҳангоми андозааш 4-5 мм будан, дарзҳои микроҷарроҳӣ гузошта мешаванд.

Папиллома

Омоси хушсифати эпителиявӣ мебошад. Ба монанди пистонак буда, аз сатҳи пӯст барҷаста аст. Оҳиста-оҳиста метавонад андозааш зиёд гардад ва шикоятҳо дар намуди норасогии косметикӣ, ҳисси ҷисми бегона ва маҳдудияти биниш пайдо шаванд. Ҳангоми андозаашон зиёда 8-10 мм будан бо радиокорд бурида гирифта мешаванд. Мумкин аст, ки дарзи микроҷарроҳӣ гузошта шавад.

Кистаи ғадудӣ арақ дар пилкҳо

Омоси гирдшакл, ки бо моеи шаффоф пур аст. Бештар дар канорҳои пилк ҷойгир мешавад. Бе мушкилӣ бе гузоштани дарз гирифта мешавад.

Кистаи мултаҳима

Дар намуди омоси деворааш тунук буда ковокӣ дорад, ки бо моеи илтиҳобӣ- транссудат пур шудааст, ки метавонад шаффоф ё зардчатоб бошад. Омос метавонад модарзодӣ ва ё дар давоми ҳаёт пайдо шуда бошад, онро ба осонӣ бевосита бо чашм дидан мумкин аст.

Кистаи ғадуди арақ

Ин омоси хурди,зардчатоб аст, ки аз сатҳи пӯст каме барҷаста мебошад, дар мавзеи расиши мултаҳима ба қарния ҷой ир мешавад. Асосан дар тарафи бинӣ дучор мегардад. Ба чашм хатар намеоварад, аммо ҳангоми калон шудан ҳисси ҷисми бегона дода метавонад. Дар ҳолатҳои бадтарин ба птеригиум мубаддал мегардад. Бештар дар одамони калонсол пайдо мешавад. Аксар вақт онро бо нишондодҳои косметикӣ бартараф менамоянд.

Милиа

Кистаҳои хурди сафед ё зардчатоби зери пуст мебошанд, таркибашон аз сафедаи кератин иборат аст, дар бештар ҳолатҳо хеле зиёд мешаванд. Одатан милиа дар мавзеи гирди чашм, дар пилкҳо ва рухсораҳо пайдо мешаванд. Фишурда баровардани милиаҳо тавсия намешавад, чунки ин метавонад ба пайдоиши пайҳо ва яраҳо оварда расонад.

Калсинатҳо

Омосҳои хурди сафедчатоби сахт мебошад, ки дар мултаҳимаи сатҳи дохили пилкҳои боло ва поён ҷойгир шудаанд. Ҳисси ҷисми бегона дар чашм медиҳанд.

Шохи пӯстин

Омоси конушакли барҷастаи бераг аст, ки дарозиаш аз якчанд мм то якчанд сантиметр шуда метавонад, диаметри асосаш, аз рӯи қоида, бетағйир мемонад,дарозиаш бошад, бо мурури замон зиёд мешавад.

Гемангиома

Ин омоси хушсифати пӯст мебошад, ки аз ҳуҷайраҳои сатҳи дохилии рагҳо иборат аст, аз рӯи қоида онҳо рангашон сурҳи баланд ё кабудранг мешавад. Андозааш метавонад аз 1 мм то пӯшида шудани тамоми сатҳи рӯй шавда. Таабобати ҷарроҳӣ ҳангоми нишондодҳо бо машварати саратоншинос, ҷарроҳи рагҳо ва дигарон гузаронида мешавад.

Сontagiosum molluscum

Ин бемории вирусӣ мебошад, бештар дар синни кӯдакӣ ва навҷавонӣ дида мешавад. Зоҳиран ҳамчун гиреҳҳои гулобирангу норинҷӣ буда, андозаашон то 1,5 см ва бо маркази сафедчатоб мешаванд. Дар баъзе ҳолатҳо доначаҳо бе табобат мустақилона пас аз чанд моҳ ё сол мегузаранд. Одатан бо радиокорд бе гузоштани дарзҳо бурида гирифта мешаванд.

Липодермоид (липома)

Омосе мебошад, ки аз бофтаи қисм-қисми чарбӣ, ки дар дохили бофтаи пайвасткунанда аст, иборат аст, ки дар асл липома мебошад.

Ҷойгиршавии аксари он – сегменти берунӣ-болоии ковокии мултаҳима мебошад Омос намуди чинҳои зардчатоби равшан ё гулобиранро дорад, ки аз паси пайвастагии берунаи пилкҳо ба мавзеи роғи чашм барҷаста шуда ба тарафи гумбазҳои поён ва болоии мултаҳима майл менамояд. Омос мулоим ва ҳаракатнок мебошад. Раванд метавонад яктарафа ё дутрафа бошад. Одатан липодермоид афзоишёбанда намебошад. Табобат бо роҳи ҷарроҳӣ мебошад, ба мултаҳима дарз гузошта мешавад.

Саратони асосҳуҷайраҳо

Омозси бадсифати бештар дучоршавандаи пусти пилкҳо мебошад (94%). Хоси афзоиши суст, бе аломатҳои дарднокӣ ва хеле кам паҳн меардад. Ба монади гиреҳ ё яра раванд мегирад.Беморон ба ҷой дошатни барҷастагии омосшакл дар пӯст,баъзан хориш дар мавзеи омос шикоят менамоянд. Бартараф намудани он бо амалиёти ҷарроҳӣ дар ҳудуди бофтаҳои солим гузаронида мешавад. Муоинаи ҷои омоси гирифташуда 1 маротиба дар 6 моҳ дар муддати 3 сол.

Трихиаз

Сабзиши нодурусти мижонҳо, бо ҳисси ҷисми бегона дар чашм, ашкшорӣ, равшанитарсӣ ва сурхшавии чашм зоҳир мегардад. Ҳангоми раванди дуру дароз ба тирашавии қарния оварда мерасонад. Табобат аз коагулятсияи фолликулаҳои мижонҳо иборат аст.

Мутахассисон

Дар клиникаи мо мутахассисони баландихтиссос, ки таҷрибаи бисёрсолаи корӣ доранд, фаъолият менамоянд, ки дар байни онҳо табибони категорияи олӣ ва номзадҳои илмҳои тиб мавҷуданд.
Савол додан

    Нархнома

    Сабти онлайн

    Саволҳо ва ҷавобҳо