Офталмологияи кӯдакона

Дар клиникаи «Нигоҳ» барномаҳои ташхисии муоинаи ҳамаҷониба барои кӯдакон аз лаҳзаи таваллуд то 18 солагӣ таҳия гардидаанд
Хизматрасониҳои асосие, ки дар клиникаи «Нигоҳ» ба кӯдакон расонида мешаванд:
  • муоинаи ҳамаҷонибаи системаи босира бо истифодаи таҷҳизоти муосири ташхисии кӯдакона, аз ин лиҳоз ба кӯдакони то як сола;
  • табобати муолиҷавӣ ва пешгирии наздикбинӣ, дурбинӣ, астигматизм, олусӣ, амблиопия – курсҳои табобати дастгоҳӣ ва физиотерапиявӣ;
  • табобати ҷарроҳии олусӣ; ортокератология.
Табобати биниш бо дастгоҳҳо дар кӯдакон - яке аз муҳимтарин ва умедбахштарин равияи офтальмологияи кӯдакона мебошад, чунки дар бисёр ҳолатҳо аз дахолати радикалии ҷарроҳӣ раҳо ёфтан ва инчунин аз бемориҳое, ки бе истифодаи ин усул қобили табобат набуданд, халос шуданро имкопазир мегардонад.

Амалиётро дар қудакони синну солашон гуногун аз 3-4 сола то 18 сола мегузаронанд. Нақшаи табобати дастгоҳиро ба ҳар як кас индивидулӣ интихоб менамоянд, пас аз ташхиси бодиққат ва машварати табиб-офталмолог.

Дар клиникаи мо пешкаш шудаанд

  • Барномаи копютерии «Плеоптика», ки машқҳои зеринро дар бар мегирад: «Тир», «Яхча», «Салибчаҳо», «Галактика»
  • Барномаи копютерии «eYe»
  • Барномаи копютерии «Relax»
Барномаҳои компютерӣ:
Табобати дастгоҳӣ:
  • Синаптофор
  • Тренажер барои фаолкунии тӯрпардаи чашм «МКС-Ц»
  • Дастгоҳ барои обутоби аккомодатсия «Ручеёк»
Дастгоҳи ортоптикӣ ва ташхисӣ, ки барои муаӣян намудани беморӣ ва табобати олусӣ аз тарафи духтурони чашм истифода бурда мешавад. Принсипи асосии кор бадаст овардани ҳолати ортоптикии (дурусти) чашм дар косахонаи чашм, инкишофи захираҳои фузионӣ ва ташаккули биниши бинокулярӣ мебошад.
(макулостимулятор –фаъолкунандаи доғи зард) барои бартараф намудан ва пешгирии хасташавии босира, баланд бардоштани тезии биниш, табобати амблиопия ва олусӣ дар кӯдакон, аз сини хеле хурд, пешбинӣ шудааст. Таъиноти асосии ин дастгоҳ: фаъолкунии тӯрпарда ва тамоми маӣдони биниш ва терапия бо рангҳо.
Барои табобат ва устувор гардонидани раванди миопиявӣ, барои фаъолкунонӣ ва обутоби узви босира ҳангоми амблиопияи паӣдоишаш гуногун, гиперметропия, астигматизм ва пресбиопия пешбинӣ шудааст. Дастоҳ барои бартараф намудани кашиши аккомодатсия ва пешгирии наздикбинӣ дар кӯдакон ҳангоми зиёд гардидани сарбории биниш, барои бартараф намудани хасташавӣ ҳангоми кор бо компютер, барои пешгирии дурбинӣ ва инчунин дар сифати воситаи барқароркунанда баъди ҷарроҳиҳо самаранок истифода бурда мешавад.
  • Фаолкунандаи лазерӣ «Спекл-М»
Барои табобат ва пешгирии тағӣиротҳои функсионалии босира, амблиопия, нистагм, наздикбинии афзоишёбанда, хасташавии биниш, шиддати зиёди одатшудаи аккомодатсия пешбинӣ шудааст.
  • Офталмотренажёр – релаксатор «Визотроник»
Барои табобат ва пешгирии синдроми хасташавии чашм, кашиши аккомодатсия ва шиддати зиёди одатшудаи аккомодатсия, наздикбинии дар давоми ҳаётпаӣдошуда дар кӯдакон, наврасон ва шахсони синну солашон ҷавон, ки ба сарбории зиёди биниш гирифторанд, синдромҳои музмини биниш ва компютерӣ ва пешгирии шиддати зиёди одатшудаи аккомодатсия пешбинӣ шудааст.
Авторефрактометрия, тонометрияи бетамос, визометрия, периметрияи компютерӣ (скрининг), биомикроскопия, кератотопограмма, муоинаи қаъри чашм бо васеъкунии мардумак, биометрияи бетамоси оптикии чашм, машварати табиб
  • Маҷмуаи ташхисии кӯдакона то 18 сола:
Авторефрактометрия, визометрия, биомикроскопия, муоинаи қаъри чашм бо васеъкунии мардумак, , биометрияи бетамоси оптикии чашм, машварати табиб
  • Маҷмуаи ташхисии кӯдакона то 6 сола:
Тафтиши рефлексҳои синну солӣ, авторефрактометрия/скиаскопия, муоинаи қаъри чашм бо васеъкунии мардумак, машварати табиб
  • Маҷмуаи ташхисии кӯдакона то 2 сола:
Маҷмуаҳои ташхисӣ:

Мутахассисон

Дар клиникаи мо мутахассисони баландихтиссос, ки таҷрибаи бисёрсолаи корӣ доранд, фаъолият менамоянд, ки дар байни онҳо табибони категорияи олӣ ва номзадҳои илмҳои тиб мавҷуданд.
Савол додан

    Нархнома

    Сабти онлайн

    Саволҳо ва ҷавобҳо