Ислоҳи лазерии биниш LASIK ва ФРК

Ба ояндаи равшан қадам бигзор – ислоҳи лазериро дар клиникаи «Нигоҳ» интихоб намо
Дар маркази мо ҷарроҳии эксимерлазерӣ бо истифодаи маҷмуи лазери муосири ALLEGRETTO WAVE EYE - ( Олмон) гузаронида мешавад. Ин маҷмуъ аз рӯи технологияи Wavefront-Optimized Ablation Profiles, ки пас аз ҷарроҳӣ нигоҳ доштани шакли қарнияи чашмро имкон медиҳад, амал мекунад.

ALLEGRETTO WAVE – ин лазери баландсуръат, дақиқ ва бехатар мебошад, ки аллакай худро хеле хуб муаррифӣ намудааст. Дар аӣни замон он яке аз дастгоҳи лазерии паҳнгаштатарин дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад.
Дар усули ФРК қабати сатҳии қарния, эпителий, бо ёрии шпател гирифта мешавад. Дар усули LASIK эпителий гирифта намешавад, бар ивази он порчаи қарниявӣ месозанд («Flap»). Пас аз таъсири лазер пораро ба ҷои худ бармегардонанд. Барои порчаи қарниявӣ кардан аспоби махсус – микрокератом истифода бурда мешавад.

Ислоҳи лазерии биниш ба кадом шахсон нишондод дорад

Наздикбинӣ (миопия)
Аломатҳои наздикбинӣ:
  • Танг намудани роғи чашм ҳангоми кӯшиш намудани дидани ашёҳои дур ҷойгиршуда;
  • бо сабаби паст шудани биниш ба зуд-зуд иваз намудани айнак ё линзаҳои тамосӣ ниёзманд шудан;
  • дарди сар ҳангоми дар масофаи наздик бо ашёҳо кор кардан (хондан, навиштан, кор бо компютер).
Вайроншавии биниш, ки ҳангоми он одам ҷузъиётҳои дар масофаи наздик ҷойгиршударо мебинад, аммо аз масофаи дур ашёҳоро хуб намебинад.
Дурбинӣ (гиперметропия)
Аломатҳои дурбинӣ:
  • зарурати дур намудани ашёҳо (китоб, телефон), то ин ки онҳоро хубтар бини;
  • хаста шудани чашмон пас аз хониш ва ё кор бо компютер;
  • фишор дар чашм ва дарди сар ҳангоми кори дарозмуддат бо ашёҳо дар масофаи наздик (хондан, навиштан, кор бо компютер).
Вайроншавии биниш, ки ҳангоми он одам ҳам ба масофаи наздик ва ҳам ба масофаи дур ашёҳоро хира мебинад.
Астигматизм
Аломатҳои астигматизм:
  • таҳриф ва хирагии тасвир;
  • ниёз ба танг намудани роғи чашм, барои хубтар дидан;
  • ҳисси фишори чашм пас аз хониш ва ё кор бо компютер;
  • дарди сар пас аз сарбории дарозмуддати биниш;
  • хаста шудани чашм ҳатто пас аз хониши кӯтоҳмуддат ё ба экран нигоҳ кардан;
  • мушкилӣ дар аниқ намудани масофа то ашё
Вайроншавии биниш, ки ҳангоми он одам тасвири хира мебинад, бо сабаби нодуруст будани шакли қарния ё булӯрак чашм.
Ҳангоми аномалияҳои рефраксияҳои дар боло зикр шуда нишондоди асосӣ ба ислоҳи лазерии биниш инҳоянд:
  • Хохиши бемор аз айнак ва линзаҳои тамосӣ халос хӯрдан
  • Синну сол аз 18 то 45 сола
  • Тоқатнопазири ба айнакҳо ва линзаҳои васлӣ
  • Талаботи касбӣ ба тезии баланди биниш

Марҳилаҳои гузаронидани ислоҳи лазерӣ

LASIK
  1. Беҳискунии маҳаллиро истифода мебаранд (дар намуди қатра),пилк ва чашм бо ёрии пилквасеъкунанда фиксатсия карда мешавад.
  2. Бо ёрии микрокератом порчаи қарниявӣ («Flap») меофаранд.
  3. Бо эксимер лазер қарнияро ислоҳ менамоянд.
  4. Порчаи қарнияро ба ҷояш мегузоранд, қарнияро мешӯянд ва қатраҳои зидди илтиҳобӣ мечаконанд.
  5. Дар муддати шоми якум пас аз ҷарроҳӣ ҳиссиёти ногувор ба монанди ашкшорӣ ва равшанитарсӣ.
  6. Тезии баланди биниш пас аз 1-3 рӯз. Барқароршавии зуд, набудани ҳиссиёти дардноки дарозмуддат.
  1. Беҳискунии маҳаллиро истифода мебаранд (дар намуди қатра),пилк ва чашм бо ёрии пилквасеъкунанда фиксатсия карда мешавад.
  2. Эпителияро бо шпатели микроҷарроҳӣ бартараф менамоянд.
  3. Бо эксимер лазер қарнияро ислоҳ менамоянд.
  4. Қарнияро мешӯянд ва қатраҳои антибиотикдор мечаконанд, барои барқароршавии зуд линзаи бандажӣ (тамосӣ) мегузоранд.
  5. Ҳиссиёти ногувор ба монанди ашкшорӣ ва равшанитарсӣ дар муддати 1-3 рӯз пас аз ҷарроҳӣ.
  6. Тезии баланди биниш баъди 4-10 рӯз пас аз ҷарроҳӣ. Линзаи тамосӣ пас аз 4-5 рӯз кашида мешавад.
  7. Нигоҳ доштани пурагии қарния, набудани пайҳои ислоҳи лазерӣ. Ба шахсоне, ки касбашон бо осебёбии баланд вобаста аст ( варзишгарон, низомиён, бемороне, ки дар чашм ҷарроҳиҳои вазнин гузарондаанд ва қарнияи тунук доранд ва ғаӣра), тавсия карда мешавад.
ФРК

Мутахассисон

Дар клиникаи мо мутахассисони баландихтиссос, ки таҷрибаи бисёрсолаи корӣ доранд, фаъолият менамоянд, ки дар байни онҳо табибони категорияи олӣ ва номзадҳои илмҳои тиб мавҷуданд.
Савол додан

    Нархнома

    Сабти онлайн
    * Пеш аз ҷарроҳӣ супоридани таҳлилҳои лабораторӣ зарур аст. Таҳлилҳоро дар клиникаи мо ё дар лабораторияи дилхоҳ супоридан мумкин аст.

    Саволҳо ва ҷавобҳо